Чадвали электронии ms excel

Кори амалии №1. Ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед.

  1. Дар ҷадвали электронӣ сутун, сатр, катак (ячейка) ва блок чӣ тавр ишора карда мешаванд?
  2. Ҷадвали (файли) пештар тартиб додашуда чӣ тавр кушода мешавад?
  3. Ҷадвали нав ё ки тағйир додашуда чӣ тавр сабт карда мешавад?
  4. Бо ҷадвали электронӣ корро чӣ тавр ба итмом мерасонанд?
  5. Фарқи ишораҳои нисбӣ ва мутлақ дар чист?

Кори амалии №2. Қимати функсияҳои sin x, cos x, tg x, ctg x барои қиматҳои зерини тағйирёбандаи x ҳисоб карда шавад:
X = 0, π/6, π/3, π/2, 2π/3, 5π/6, 2π.

Кори амалии №3. Қимати функсияҳои
f(x) = x 2
g(x) = 4x 4
h(x) = 2x 2 + x 5
барои қиматҳои зерини тағйирёбандаи x ҳисоб карда шавад:
-3, -2, -1, 0, 1, 2, 3.
Дар ҳалли ин мисол истифода бурдани амали ^ (ба дараҷа бардоштан) манъ аст.

МАЪЛУМОТИ УМУМИ ОИД БА ҶАДВАЛИ ЭЛЕКТРОНИИ MS EXCEL.

Санаи дохилгардида: 2015-10-06

МАҚСАДИ ДАРС: Шиносоӣ бо ҷадвали электронӣ.

НАҚШАИ ДАРСҲОИ НАЗАРИЯВӢ:

  • Протсссесориҷадвалӣ.
  • Мафҳум дар бораиҷадвалҳои электронииMSExsel.
  • Равзанаи и асосии MS Excel.
  • Дохилкунии информатсия баҷадвали электронӣ.
  • Варақаи корӣ.Китоби корӣ.

Протсессорҳои ҷадвалӣ.
Барои нигоҳ доштани қиматҳо одатан ҷадвалҳо истифода мешаванд. Имкониятҳои технологияҳои компютерӣ самаранокии истифодабарии ҷадвалҳоро якчанд маротиба зиёд менамоянд. Зеро қиматҳо дар ҷадвалҳои электронӣ натанҳо нигоҳ дошта мешаванд, балки имконияти коркарди онҳо низ пешбинӣ шудааст. Барномаҳое, ки барои чунин амалиётҳо истифода мешаванд – протсессорҳои ҷадвалӣ ё ҷадвалҳои электронӣ номида мешаванд, синфи барномаҳое, ки барои коркарди ҷадвалҳо пешбинӣ карда шудааст.
Ақидаи сохтани ҷадвалҳои электронӣ соли 1979 ба донишҷўи Донишгоҳи Гарвардски ИМА Ден Бринклин мансуб аст. Вай бо ҳамроҳии рафиқаш Боб Франкстон, ки ба барномасозӣ сарфаҳм мерафтанд, ҳисобкуниҳои дилгиркунандаи характери иқтисода доштаро бо ёрии китобҳои иқтисодӣ иҷро карда якумин барномаи ҷадвали электрониро кор карда баромаданд, ки VisiCalc ном ниҳода буданд. Сонитар ҷадвали электоронии Lotus пайдо гашт. Соли 1987 протсессори ҷадвалии Excel пайдо шуд. Омўзиш ва кор бо он осонтар аст.
Барномаи MS Excel – воситаи тавоно ва дар истифодабарӣ оддии коркарди ҷадвалҳои электронӣ мебошад. Протсессори ҷадвалӣ барои ҳалли доираи васеи масъалаҳои иқтисодӣ, муҳосиботӣ, илмӣ-техникӣ, ҳисобгирӣ-оморӣ ва дигар масъалаҳо, ки дар онҳо иттилооти ададӣ, матнӣ ё графикӣ бо тартиби такроршавандаи муайян дар ҷадвал инъикос ёфтаанд, пешбинӣ шудааст.
Ҳуҷҷати excel гуфта файл бо номи ихтиёрӣ ва фарохии .xls-ро мефаҳманд.
Бо ёрии протсессори ҷадвалии MS Excel автоматикунонии коркарди чунин масъалаҳои мушаххас имконпазир аст:

  • коркарди автоматикии қиматҳои алоқаманд;
  • коркарди базаи қиматҳои оддӣ;
  • тартибдиҳии диаграммаҳо ва графикҳо;
  • автоматикунонии ҳисобкуниҳои натиҷавӣ;
  • тавассути истифодабарии функсияҳои мувофиқ автоматикунонии амалиётҳои математикӣ, оморӣ, мантиқӣ, молиявӣ ва матнӣ;
  • омода намудани ҳуҷҷатҳои ҷадвалӣ.

Дохилкунии информатсия ба ҷадвали электронӣ.
Ҳангоми кор бо MS EXCEL принсипи «он чӣ, ки мебинед, ҳамонро мегиред» ё бо забони англисӣ WYSIWYG (What You See Is What You Get), риоя карда мешавад.
Кор бо қиматҳои дилхоҳ барномаи бастаи Microsoft Office интихоб (ҷудо) намудани онҳоро талаб менамояд. Чунин амалро ҷудокунии қиматҳо низ меноманд.

Читайте также:  Смартфоны с двухчастотным gps

Китобои корӣ ва варақаҳои корӣ.
Ҳангоми ба кор даровардани барномаи MS Excel тиреза кушода мешавад, ки мазмуни китоби нави қарорӣ ифода менамояд.
Китоби корӣ – ҳуҷҷати бисёрзинаи Excel мебошад. Ҳар як варақаи китоби корӣ варақаи корӣ номида мешавад ва варақаи фаъол дар тирезаи ҳуҷҷат акс меёбад. Дар тарафи чопи хатти горизонталӣ тамға тугмачаи прокрутка барои азназаргузоронии онҳо ҷой дода шудааст.
Ҳар як варақи корӣ аз сутун, сатр ва ячейкаҳо иборат буда, онҳо ба хатти ҷудокунанда аз ҳамҷудо карда шудааст.
Сутуни якум – сутуни А ҳарфи А дар ибтидои он ишора шудааст. Қисмҳои горизонталӣ сатро – сахифабандӣ шудааст. ҳар як варақаи кории MS Excel 2003 аз 256 сутун (аз А то 4) ва 65536 сатр ҷудо шудааст, ки барои ирсоли ададҳо майдони калон ҷудо шудааст.
Ячейка – ин соҳаест, ки дар натиҷаи буриши сатр ва сутун ҳосил мегардад. ар як ячейка адреси худро дорад, ки фақат ба ҳамин ячейка марбут аст. Масалан, ячейкаи кунҷи чапи боло, варақаи корӣ ки дар он матни «Ведомости ҷамбастӣ» (Сводная ведомост) ҷойгир аст. Адреси А1 – ро дорад. Гарчанде ба назар мерасад, ки қисми матн ба сутуни В1 мегузарад, вале он дар сутуни А1 ҷойгир буда, адреси А1 мебошад.

САВОЛҲО БАРОИ ТАКРОР ВА ХУДСАНҶӢ:

ФУНКСИЯҲО ДАР ҶАДВАЛИ ЭЛЕКТРОНИИ MS Excel.

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2015-10-06

МАҚСАДИ ДАРС: Инкишофи дониши донишҷӯён оид ба функсияҳо.

НАҚШАИ ДАРСҲОИ НАЗАРИЯВӢ:

  1. Мафҳуми функсияҳо.
  2. Функсияҳоистандартӣ «Мастер функсия».
  3. Аргументҳои функсияҳо.

Дар барномаи MS Excel маҷмўи хеле калони функсияҳои истифода бурда мешавад. Мафҳуми функсия низ дар MS Excel низ айнан бо ҳамон мазмун, ки дар математика истифода бурда мешавад, функсияҳо ном дорад ва аргументҳои онҳо пас аз ном дар дохили қавси доиравӣ навишта мешавад. Қавсҳо ҳатто дар вақти мавҷуд набудани аргумент ҳатман гузошта мешавад. Агар аргумент бисёр бошад, пас онро аз ҳамдигар бо вергул ҷудо карда мешавад. Бо сифати аргумент функсия адреси ячейкаҳо, диапазони ячейкаҳо, ифодаҳои арифметикӣ, функсияҳо истифода бурда мешавад. Мазмун ва тартиби аргументҳо ба таври якқимата муайян карда мешавад. Дар вақти истифода бурдани функсияҳо нусхабардорӣ дар назар доштан мумкин аст:
1). Функсияи дар формула навишташуда одатан қимати ягонаро ҳосил менамояд.
2). Функсияҳое, мавҷуданд, ки ягон қиматро ҳосил накарда амалро иҷро менамояд, масалан сатрҳои матниро пайваст менамояд.
3). Функсияҳое, мавҷуданд, ки аргумент надоранд, масалан, функсияи P().
Дар ҷадвали электронии MS Excel зиёда аз 400 функсия истифода бурда мешавад, ки ба якчанд категорияҳо тақсим карда шудааст. Масалан, математикӣ, мантиқӣ, матнӣ, статистикӣ, молиявӣ, сана ва вақтвағ.
Барои осон кардани дохилкунии функсия дар ҷадвали электронии MS Excel Мастер функсия ном замима пешбинӣ шудааст, ки бо ёрии тугмачаи fx дар панели стандартӣ ба кор дароварда мешавад. Пешаки барои дохилкунии функсия ягон ячейка қайд карда мешавад. Мастер функсия 2 — равзана ва 2- қадам дорад. Аз рўйхати тарафи чапи Мастер функсия категорияи функсияро интихоб кардан мумкин аст. Дар равзанаи тарафи рост маҷмўи функсияҳои ҳамин категория пайдо мешавад. Яке функсияҳоро интихоб намуда равзанаи ҳосил шуда аргументҳои онро дохил кардан мумкин аст. Дар вақти интихоби ин ё он функсия худи Мастер функсия дар бораи ин функсия ва формати он маълумот медиҳад.
Функсия СУММ дар ҷадвали электронии MS Excel хеле бисёр истифода бурда мешавад. Бинобар ин дар панели стандартӣ барои он тугмачаи махсуси ∑ ҷудо карда шудааст. Мисол, як ячейкаро интихоб карда дар тугмачаи ∑ ақрабаки мушро гузошта, тугмачаи чапи онро пахш кунем, пас дар ячейкаи қайдшуда қолаби формулаи =СУММ(D6:D9) пайдо мешавад.
Дар ҷадвали электронии MS Excel имконияти ҳосил кардани нусхаи формулаи дар ячекаҳои ҳамсоя мавҷуд аст, ки дар ин вақт адреси ячейкаҳо автоматӣ иваз мешаванд, зеро адресҳо дар ин маврид нисбӣ мебошанд. Барои ин ячейкаи формула навишташударо қайд карда, нишондиҳандаи мушро ба квадратчаи сиёҳ, ки дар кунҷи рости поёни ин ячейка мавҷуд аст мегузорем. Тугмачаи чапи мушро пахш карда мушро ба самти лозимӣ (рост ё поён) ҳаракат медиҳем.
Вақте ки тугмачаи муш сад дода мешавад формулаи мазкур дар ячейкаҳои мувофиқ пайдо мешавад. Чунин тарзи ҳосилкунии нусхаи формулаҳо танҳо бо ду самти асосӣ имконпазир мебошад.
САВОЛҲО БАРОИ ТАКРОР ВА ХУДСАНҶӢ:

  1. Мастер функсияро чӣ тавр истифода мебаранд?
Читайте также:  Intel cougar point h61 intel ivy bridge

2.Истифодабарии функсияи ∑ дар MS Excel.
3.Қоидаҳои дохилкунии функсияҳо ба ячейкаҳои ҷадвалҳои электронӣ чи гуна мебошад?
4. Дар барномаи MS Excel кадом намуди категорияҳо гурҳбандӣ карда мешавад?

ФУНКСИЯҲО ДАР ҶАДВАЛИ ЭЛЕКТРОНИИ MS Excel

МАҚСАДИ ДАРС: Инкишофи дониши донишҷӯён оид ба функсияҳо.

НАҚШАИ ДАРСҲОИ НАЗАРИЯВӢ:

  • Функсияҳои стандартӣ.
  • Функсияҳои матнӣ.
  • Функсияҳои иловагии кор бо сана.
  • Вақт. Вақт дар ҳисобкуниҳои молиявӣ.
  • Ҳисобкуниҳои оморӣва молиявӣ.

Функсияҳои стандартӣ.
Функсияҳои стандартӣ гуфта функсияеро меноманд, ки он қисми таркибии барномаи Excel баҳисоб рафта, тарзи истифодабарии он дар ҳамаи мавридҳо якхела аст. Функсияҳои стандарӣ дар Excel танҳо дар формулаҳо истифода бурда мешаванд. Ба ин функсияҳо ба восиати ном ва аргументҳояшон муроҷиат мекунанд. Аргументҳои функсияҳо дар қавс гирифта шуда, аз ҳамдигар бо ёрии символи нуқта-вергул (;) ҷудо карда мешаванд.
Истифодабарии функсияҳо.
Дар қисмати «Кор бо рақамҳо» барои дастрас намудани натиҷаи ҷамъбастии истифода барандаи функсия СУММ, бо пахши тугмаи «Автосумма» (AutoSum) пайдо менамояд. Excel боз садҳо функсияро дорост, ки дар ҳисоббарории оморӣ, молиявӣ, риёзӣ, муҳандисӣ истифода мешавад. Функсия – ин барномаест, ки бузургиҳои махсусро ҳисоб мекунад: бузургии ҷамъбастӣ, миёна, фоизи ҳармоҳаи ҳисоббаробаркунӣ ё гурҳи рақамҳои геометрӣ.
Функсияҳои матнӣ.
Ин намуди функсияҳо барои гузаронидани ягон амал бо матни дар ячейка буда истифода бурда мешавад. Масалан, ёфтани қисми матн, ҳарфҳои калонро ба хурд ё баръакс иваз намудан, шумораи символои матнро муайян намудан ва ҳоказо. Масалан, функсияҳои СТРОЧН ва ПРПИСН ва ПРОПНАЧ, мувофиқан барои иваз намудани ҳарфҳои калон ба хурд ва хурд ба калон, ҳарфи калон намудани ҳарфи аввали матн истифода бурда мешавад.
Функсияҳои сатр.
Функсияҳои сатр – ин функсияҳои матнӣ мебошад. Дар ин категория функсияҳои бисёре мавҷуд аст. Ба мисоли =СИМВОЛ( )
Функсияи зерин символи додашударо ( хоҳ вай адад бошад, хоҳ ҳарф ё символи дигар) бо коди ANSI ишорат мекунанд. Интервали ин функсия аз 1 то 255 мебошад. Аз ин мебарояд, ки танҳо чунин ададҳоро қабул намуда, ба коди ANSI мегардонад.
Функсияҳои сана ва вақт.
Функсияи асосие, ки барои инъикоси рӯзи ҷорӣ хизмат мекунад, ин функсияи =СЕГОДНЯ мебошад. Ин яке аз функсияҳоест, ки аргумент талаб намекунад. Мисол: =СЕГОДНЯ() санаи имрӯза, моҳ ва солро бармегардонад.
Функсияи ДАТА бошад, ифодаи соати системавиро нишон медҳиад. (бо соат, дақиқа ва сония).
Функсияҳои оморӣ ва молиявӣ.
MS Excel дорои зиёда аст 250 функсияҳои молиявӣ иборат буда барои истифодаи он зарур нест, ки мо муҳосиб бошем. Бо ёрии функсияҳои моливӣ ҳаҷми моҳонаи ҳаққи автомобил, вақти пардохти қарз, ҳаҷми маблағи сохтмони иморат ва ғайраро иҷро намудан мумкин аст.
Агар мо соҳиби фирмаи хурд бошем, функсия имконият медиҳад, ки ба 5 тарз ҳисоббаробаркунӣ амортизатсиониро истифода барем, ҳамчунин асбоби ҳисобкунии фоидаи аксия ва захираҳо низ мавҷуд мебошанд.

Читайте также:  Nd фильтр для видеосъемки

Функсияи молиявии MS Excel.
Функсияи молиявӣ параметрҳои зиёд дорад, вале бисъёртар аз параметрҳои зерин истифода мебаранд:

  • Бе (fv) –нархи оянда, баъди ҳисоббаробаркунӣ нархи заём ва маблағгузорӣ ҳамин қадар меистад.
  • Кпер (nреr)- миқдори давраҳо, санаи моҳо, сол ва дигар давраҳои пардохт.
  • Выплата (pmt) – суммае ки шумо аз ҳисоби маблағгузорӣ мегирад ё барои пардохти қарз сарф мешавад.

Кор бо функсияҳои оморӣ.
Excel барои омӯзандагони омор як сатр функсияҳои мураккаби омориро дорад. Қисми зиёди муштариён функсияҳои омории соддаро ба мисли СРЗНАЧ (AVERADGE), МИН (MIN), МАКС (MAX) – ро истифода мебаранд. Ҳамчунин, функсияҳои зерин истифода мешаванд:

  • СЧЕТ(COUNT) – миқдори рақамҳоро дар диапазони интихоб карда бар мегардонад
  • МЕДИАНА(MEDIAN) – қисми миёнаи дигар, барои ҳисобкунии бузургиҳое, ки дар миёнаи диапазон ҷойгир аст.
  • МОДА (MODE) — бузургиҳои тез-тез вохӯрандаро бар мегиад.

САВОЛҲО БАРОИ ТАКРОР ВА ХУДСАНҶӢ:

Оставьте ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *